- Андози низоми содакардашуда дар давоми сол 4 маротиба (1 маротиба дар семоҳа) то санаи 10-уми моҳ, баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ (мисол: андози мазкур барои давраи аз январ то марти соли
то санаи 10 апрели соли
пардохт карда мешавад).
- ААИ, пардохтҳои ҷории андоз аз фоида, андози иҷтимоӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фуруши алюминии аввалия дар давоми сол 12 маротиба пардохт карда мешаванд (ҳармоҳа) то санаи 15-уми моҳ, баъд аз моҳи ҳисоботӣ (мисол: пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андозҳои мазкур барои моҳи январ то санаи 15 феврал амалӣ карда мешаванд).
- Аксизҳо дар давоми сол 12 маротиба пардохт карда мешаванд, Ҳар як эъломия то санаи 10-уми моҳ, баъд аз моҳи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешаванд (мисол: эъломия барои январи соли
то санаи 10 феврал пешниҳод мешавад).
- Субъектҳои бизнеси бозӣ, ки бо низоми содакардашуда андозбандӣ мешаванд, эъломияҳоро 12 маротиба дар давоми сол пешниҳод менамоянд, Эъломияи низоми мазкур то санаи 5-уми моҳ, баъдаз моҳи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.
- Эъломияи андоз аз даромад аз даромадҳои дигар шахсони воқеӣ, ки дар манбаи пардохт андозбандӣ намешаванд ва (ё) эъломия андоз аз фоида (шахсони ҳуқуқӣ) то санаи 1 апрели соли ояндаи баъд аз соли ҳисоботӣ пешниҳод карда мешаванд.
- Андозҳо аз молу мулки ғайриманқул (андози замин ва (ё) андоз аз объектҳои ғайриманқул) на дертар аз 15-уми феврал (бо тартиби пешпардохт), 15-уми май, 15-уми август ва 15-уми ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 25%, 50%, 75% ва 100% маблағи солона;
- Андози ягонаи соли ҷории андоз барои заминҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ на дертар аз 10-уми март ба андозаи на камтар аз 15% маблағи солонаи андоз:
- на дертар аз 10-уми июн ба андозаи на камтар аз 30% маблағи солонаи андоз; - на дертар аз 10-уми сентябр ба андозаи на камтар аз 50% маблағи солонаи андоз; - на дертар аз 10-уми декабр ба андозаи на камтар аз 100% маблағи солонаи андоз, пардохт карда мешавад.